Январ 03, 2019 11:20 Asia/Dushanbe
  • Дар иқтисоди Тоҷикистон дар соли  2019 тағйири ҷиддӣ рух нахоҳад дод

Мудир ва муассиси гурӯҳи ахбори иқтисодии Тоҷикистон дар Фейсбук муътақид аст, ки дар 2019 ҳеҷ тағйири ҷадиде дар авзои иқтисодии кишвар рух нахоҳад дод.

Ба нақл аз саҳифаи гурӯҳи ахбори иқтисодии Тоҷикистон дар Фейсбук, Алмас Сайфуллоев гуфтааст, ки ба ғайр аз баҳрабардорӣ аз турбинаи дувуми нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун дар баҳори 2019 таҳаввули муҳими дигаре дар иқтисоди Тоҷикистон рух нахоҳад дод.

Вай муддаӣ аст, ки иқтисоди Тоҷикистон ҳамчунон вобастаи даромади ирсолии коргарони муҳоҷири хеш аз Русия дар 2019 хоҳад монд ва мушаххас нест, ки авзои ин афрод имсол чигуна хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Сайфуллоев, аз сӯи дигар Тоҷикистон дар 2019 низ ба Иттиҳоди иқтисодии Евразия нахоҳад пайваст ва шароити кор ва иқомати коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия бидуни тағйир ва ҳамроҳ бо мушкилоти зиёди ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ боқӣ хоҳад монд.

Вай афзудааст, ки мушкилоти пардохти андози сангин дар Тоҷикистон дар 2019 низ боқӣ мемонад ва ҳеҷ осониҳое дар ин маврид дар назар нест.

Аз дидгоҳи Алмас Сайфуллоев, ба далели инки дар 27 соли ахир дар Тоҷикистон қавонини ҳукуматӣ ба самти ҷазби сармояи хориҷӣ ҳаракат карда, ин фазо низ тағйир нахоҳад кард ва қарзи хориҷии Тоҷикистон, ки фаротар аз се миллиард доллар аст ва бахши умдаи он ба Чин мебошад, дар 2019 афзоиш хоҳад ёфт.