Вогузории парвозҳои ширкати “Тоҷик - Эйр” ба ширкати “Сомон - Эйр”
Ширкати ҳавопаймоии давлатии “Тоҷик – Эйр” аз вогузор шудани парвозҳои худ ба мақсади Русия ба ширкати хусусии “Сомон –Эйр” хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Азия Плюс, Азиз Хайруллоев, сухангӯи ин ширкат гуфтааст, бо тавофуқи дуҷониба то баҳори имсол ширкати хусусии “Сомон – Эйр” ба ҷойи “Тоҷик –Эйр” парвозҳои Тоҷикистон ба мақсади шаҳрҳои Русияро анҷом хоҳад дод.
Ин дар ҳоле аст, ки се рӯзи қабл ширкати ҳавопаймоии давлатии “Тоҷик – Эйр” аз таваққуфи тамоми парвозҳои худ хабар дода буд. Ин ширкат аз фурудгоҳҳои Тоҷикистон ба 13 шаҳри Русия парвоз анҷом медод.
Манобеи мустақил мегӯянд, ки мавзӯи тасмимгирӣ дар бораи ояндаи фаъолияти ширкати ҳавопаймоии давлатии “Тоҷик –Эйр” дар ҷаласаи комиссияи вижаи ҳукуматӣ ба раёсати Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон баррасӣ шудааст.
Дар ин нишаст таъкид шудааст, барои ширкати “Тоҷик – Эйр” ду гузина вуҷуд дорад: нахуст ин ки ин ширкат ба далели қарзҳояш варшикаст эълом шавад ва дувум дар сурати ислоҳи авзои нобасомони феълӣ тайи марҳалаи мушаххасе дубора парвозҳои худро аз сар бигирад.
Мушкилоти ширкати “Тоҷик – Эйр” замоне шиддат гирифт, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2018 дастури бозрасии амалкарди молии ширкатро содир кард.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии ин кишвар дастур додааст, ки мавзӯи харидории як фарванд ҳавопаймои Боинг - 767 гаронтар аз қимати воқеии он аз сӯйи ин ширкат ва санадсозӣ дар ин мавридро бозрасӣ кунад.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон равшан шудани моҷарои 3 моҳ пардохт нашудани маоши кормандони ин ширкат, таъхир дар пардохти ҳаққи истифода аз фурудгоҳи Душанбе ва қарзи он ба ширкати воҳиди сӯхтрасон дар фурудгоҳҳоро хостор шудааст.
- Матолиби муртабит:
- “Тоҷик Эйр” - оё ба поёни қиссаи “Ҳазору як шаб” расидем?
-
Таваққуфи парвози ҳавопаймоҳои “Тоҷик – Эйр” дар масири Душанбе – Самарқанд