Январ 05, 2019 21:44 Asia/Dushanbe
  • Хадамоти алоқа: Нархи симкорт дар Тоҷикистон то ду моҳи оянда тағйир намекунад

Раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон эълом кард, ки то ду моҳи дигар нархи симкорти телефони ҳамроҳ дар ин кишвар, тағйир нахоҳад кард.

Ба гузориши сойти Топ Тҷ, Бек Сабур гуфтааст, ки коргурӯҳи вижаи ҳукуматӣ таъйини нархи симкорт дар Тоҷикистон ҳанӯз дар ин маврид тасмим нагирифта ва ба эҳтимоли зиёд дар моҳи март, ин мавзӯъ мушаххас хоҳад шуд.

Вай таъкид кардааст, ки ҳатто дар сурати афзоиши нархи симкорт ин афзоиш чандон зиёд нахоҳад буд.

Коршиносон мӯътақиданд, ки далели аслии то ба ҳол мушаххас нашудани нархи симкорт дар Тоҷикистон ба тавофуқ нарасидани идорот ва ниҳодҳои марбута мебошад.

Ниҳодҳои амниятӣ ва интизомӣ ҷонибдори афзоиши нархи симкорти телефони ҳамроҳ аз панҷ сомонии феълӣ ба 250 сомонӣ ҳастанд дар ҳоле, ки ширкатҳои фароҳамгари хадамоти телефони ҳамроҳ бо ин иқдом мухолиф мебошанд.

Тобистони 2018 Хадамоти алоқаи Тоҷикистон тарҳи афзоиши ҳазинаи фурӯши ҳар адад симкорти телефони ҳамроҳ аз 5 ба 250 сомониро ироа кард, ки бо эътирози шадиди мардум рӯбарӯ шуд ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури ин кишвар, иҷрои ин пешниҳодро то авоили соли 2019 мамнуъ кард.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мӯътақиданд, афзоиши нархи фурӯши симкорт метавонад аз иваз кардани сареи он ва истифодаи террористҳо аз чанд симкорт ҷилавгирӣ кунад.

Дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон ҳаддиақали ҳуқуқи моҳанаи бознишастагӣ 246 сомонӣ аст, корбарони фазои маҷозӣ фурӯши як адад симкортро ба нархи 250 сомонӣ ба шиддат зери савол бурданд.