Январ 06, 2019 10:17 Asia/Dushanbe
  • Талоши Тоҷикистон барои афзоиши дувунимбаробарии тавлиди нохолиси миллӣ

Мақомоти вазорати рушди иқтисод ва тиҷорти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ин кишвар барои афзоиши дувунимбаробарии тавлиди нохолиси миллӣ то соли 2030 барномарезӣ шудааст.

Мақомоти вазорати рушди иқтисод ва тиҷорти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ин кишвар барои афзоиши дувунимбаробарии тавлиди нохолиси миллӣ то соли 2030 барномарезӣ шудааст.Ба гузориши сайти Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, дар чорчуби Барномаи миллии рушди роҳбурдии ин кишвар то соли 2030 бояд ҳаҷми умумии тавлиди нохолиси миллии ин ҷумҳурӣ ба 207 миллиарду 700 миллион сомонӣ бирасад.

Ин дар ҳоле аст, ки дар соли ҷорӣ барои расондани ҳаҷми умумии тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон ба мизони 78 миллиарду 200 миллион сомонӣ (муодили 8 миллиарду 200 миллион доллар) талош мешавад.

Мақомоти вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон мӯътақиданд, ки аз ҳисоби афзоиши тавлиди маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ ва барқ дар ин кишвар ба ин амри муҳим даст хоҳанд ёфт.

Ба эътиқоди онон, бо баҳрабардории комил аз неругоҳи дар ҳоли сохти барқи обии Роғун ҳаҷми тавлиди барқ аз 18 миллиард киловатт-соати кунунӣ, дар соли 2030 ба 45 миллиард киловатт-соат хоҳад расид. Ин неругоҳ бо зарфияти тавлиди 17 миллиард киловатт-соат барқ дар сол нақши муҳимме дар худкифоии Тоҷикистон дар тавлиди барқ ифо хоҳад кард.

Нахустин турбинаи неругоҳи барқи обии Роғун дар моҳи ноябри соли 2018 ба баҳрабардорӣ расид ва турбинаи дувуми он низ дар моҳи апрели соли ҷорӣ тавлиди барқро оғоз хоҳад кард.