Ташдиди маҳдудиятҳо барои мулоқот бо зиндониён дар Тоҷикистон
(last modified 2019-01-06T16:39:54+00:00 )
Январ 06, 2019 21:39 Asia/Dushanbe
  • Ташдиди маҳдудиятҳо барои мулоқот бо зиндониён дар Тоҷикистон

Пас аз шӯриши ноябри 2018 дар зиндони шумораи 3 Хуҷанд, ки бо 25 кушта ҳамроҳ буд, мудирияти Созмони зиндонҳои Тоҷикистон назорат бар ин марокиз ва муқаррароти мулоқот бо зиндониёнро ташдид кардааст.

Ба нақл аз Toptj, наздикони теъдоде аз зиндонён, ки барои мулоқот бо онон рафтаанд мегӯянд, ки акнун танҳо ба бастагони дараҷаи аввал иҷоза дода мишавад, то бо зиндониён дидор кунанд.

Бар ин асос, мулоқот бо зиндониён танҳо барои волидайн, бародару хоҳар ва афроди маҳкумшуда муҷоз буда ва соири ақвом наметавонанд ба дидори онон бираванд.

Илҳом Маҳмудов, муовини раиси Созмони зиндонҳои Тоҷикистон эълом кардааст, ки акнун аз ҳаққи мулоқот бо зиндониён танҳо бастагони дараҷаи аввали онон, ки дар парвандаи ҷиноӣ номи онон зикр шуда бошад, бархурдор ҳастанд ва соири наздикон наметавонанд барои дидор бо ин афрод иқдом кунанд.

Теъдоде аз вакилони мудофеи зиндониён гуфтаанд, ки назорат бар авзои зиндонҳо беҳбуд ёфта ва назорат бар иҷрои муқаррарот низ ташдид шудааст.

Пас аз шӯриш дар зиндони шумораи 3 Хуҷанд, мудири ин зиндон ва 6 афсар боздошт ва раиси Созмони зиндонҳои Тоҷикистон аз симмати худ барканор шуданд.