Ҷасади Саъдӣ Холмуродов пас аз 25 рӯз пайдо шуд
(last modified Mon, 07 Jan 2019 07:35:10 GMT )
Январ 07, 2019 12:35 Asia/Dushanbe
  • Ҷасади Саъдӣ Холмуродов пас аз 25 рӯз пайдо шуд

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз пайдо шудани ҷасади полковники бознишастаи вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Саъдӣ Холмуродов пас аз 25 рӯз хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, хонум Умеда Юсуфова гуфтааст, ки ҷасади ин низомии бознишаста дар фосилаи як ҳазору 500 метрӣ аз маҳалли ғарқ шудани вай дар садди нерӯгоҳи барқи обии Бойғозӣ дар соҳили рӯдхонаи Вахш пайдо шудааст.

Вай таъкид кардааст, ки теъдоде аз сайёдони моҳӣ бо мушоҳидаи ҷасади ин фармондеҳи собиқи низомии Тоҷикистон мақомоти пулисро аз ин мавзӯъ огоҳ карда ва бо кумаки нирӯҳои имдодӣ, ҷасадро барои хоксупорӣ ба рустои Сангтуда мунтақил кардаанд.

Саъдӣ Холмуродов, муовини собиқи генерали Суҳроб Қосимов, фармондеҳи нерӯи вижаи Вазорати корҳои дохилаи ин кишвар дар даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон буд, ки чанд сол қабл бознишаста шуда буд.

Дар бораи иллати ғарқ шудани ин низомии бознишаста ҳанӯз тавзеҳи расмӣ ироа нашудааст.

Танҳо гуфта мешавад, ки вай дар нерӯгоҳи барқи обии Сангтуда-1 фаъолият мекард ва дар атрофи ин нерӯгоҳ замин ҳам дошт ва ба кишоварзӣ машғул буд.