17 тарҳи обрасонӣ дар Тоҷикистон дар дасти иҷро аст
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i40786-17_тарҳи_обрасонӣ_дар_Тоҷикистон_дар_дасти_иҷро_аст
Дар Тоҷикистон 17 тарҳи обрасонӣ ба маблағи ду миллиарду 400 миллион сомонӣ дар дасти иҷро аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 08, 2019 06:35 Asia/Dushanbe
  • 17 тарҳи обрасонӣ дар Тоҷикистон дар дасти иҷро аст

Дар Тоҷикистон 17 тарҳи обрасонӣ ба маблағи ду миллиарду 400 миллион сомонӣ дар дасти иҷро аст.

Ба гузориши сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, ин тарҳҳо бо кумаки ниҳодҳои молии байналамилалӣ ба манзури обрасонӣ ба марказҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон иҷро мешавад. Мақомоти ин вазорат гуфтаанд, ки то имрӯз 50 дарсад аз ин маблағ барои обрасонӣ ба маркази шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳазина шудааст.

Ба далели ин ки 70 дарсад аз ҷамъияти беш аз 9-миллионнафарии Тоҷикистон дар манотиқи рустоӣ зиндагӣ мекунанд, таъмини онон бо оби ошомиданӣ солим дар авлавияти барномаи обрасонии Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Дар ҳоли ҳозир беш аз 60 дарсад аз ҷамъияти Тоҷикистон аз оби ошомидании солим баҳраманд мебошанд. Дар соли 2015 эълом шуда буд, ки барои таъмини оби солими беҳдоштии мардуми Тоҷикистон ба ҷазби беш аз ду миллиард доллар сармоя ва 85 сол замон ниёз аст. Созмони обу корези Тоҷикистон муътақид буд, ки дар сурати идомаи иҷрои барномаи обрасонӣ ба манотиқи рустоии ин кишвар бо мизони сармоя ва суръати феълии сохти таъсисоти мавриди ниёз ин раванд тӯлонӣ хоҳад шуд.