Оғози сохти гулхонаҳои нав аз сӯйи ширкати Кореяи Ҷанубӣ дар вилояти Суғд
(last modified Wed, 09 Jan 2019 04:53:03 GMT )
Январ 09, 2019 09:53 Asia/Dushanbe
  • Оғози сохти гулхонаҳои нав аз сӯйи ширкати Кореяи Ҷанубӣ дар вилояти Суғд

Ширкати кореяии “Мён Сунг” кори сохти гулхонаҳо (гармхона) - и ҷадид барои тавлиди хиёр (бодиринг) ва гуҷафарангӣ (помидор) дар фасли замистонро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд оғоз кард.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, ин ширкат, ки қаблан дар Узбакистон фаъолият мекард, акнун дар вилояти Суғди Тоҷикистон ба сохти гулхонаҳои ҷадид бо фанноварии пешрафта барои тавлиди хиёр ва гуҷафарангӣ иқдом кардааст, ки дар тамоми фаслҳои сол заминаи бардошти ин ду маҳсулро фароҳам месозад.

Гуфта мешавад, ки гулхонаҳои ҷадид аз мушобеҳи қадимии он дар Тоҷикистон ба куллӣ тафовут дорад ва ба далели истифода аз фанновариҳои пешрафта мизони бардошти маҳсул зиёд аст ва имкони сарфаҷӯӣ дар масрафи барқ ва обро низ фароҳам месозад.

Равишҳои ҷадиди парвариши хиёр ва гуҷафарангӣ (бодиринг ва помидор) дар гулхонаҳои сохти ширкати “Мён Сунг” - и Кореяи Ҷанубӣ метавонад барои дигар манотиқи Тоҷикистон низ мавриди истифода қарор гирад. Аз ин рӯ мутахассисони кореяӣ дар баробари сохти ин гулхонаҳо ба ҳамтоёни тоҷики худ, таҷориби тавлиди хиёр ва гуҷафарангӣ дар фасли замистонро мунтақил мекунанд.

Ба далели сардсер будани аксари манотиқи Тоҷикистон тавлиди хиёр ва гуҷафарангӣ дар ин кишвар дар фасли сармо кори сахте ба ҳисоб меояд.