Январ 09, 2019 10:24 Asia/Dushanbe
  • Донишомӯхтагони тоҷики мадрасаҳои исломии хориҷӣ зери заррабини мақомоти интизомӣ

Мақомоти интизомии Тоҷикистон тамоми донишомӯхтагони марказҳои исломии хориҷиро муваззаф кардаанд, ки ҳар шаш моҳ як бор ба идороти полиси маҳалли зиндагии худ ҳозир шаванд ва ба пурсишҳои кормандони ин ниҳод посух диҳанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи ТОП Тҷ, теъдоде аз ҷавононе, ки ба даъвати мақомоти интизомии Тоҷикистон аз мадориси исломии Покистон, Арабистони Саудӣ ва Миср ба кишвар бозгаштаанд, мегӯянд, бояд ҳар шаш моҳ як бор бо ҳозир шудан дар шуъбаҳои пулиси наздик ба маҳҳалли сукунаташон ба пурсишҳои кормандони ин ниҳод посух диҳанд.

Комроншоҳ Сияров, донишҷӯи давраи докторӣ дар Донишгоҳи дӯстии мардумони Русия, ки мавзӯи гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиро баррасӣ мекунад, муътақид аст, ин иқдоми мақомоти интизомӣ бо ҳадафи назорат бар донишомӯхтагони тоҷики мадориси исломии хориҷӣ дар Тоҷикистон анҷом мешавад.

Вай таъкид мекунад, ки эҳсоси мазҳабии ин афрод хеле болост ва онон дар баробари ҳар навъ маҳдудият бар сари рафтани ҷавонон ба масоҷид ё пӯшиши исломии бонувон вокуниши тунд нишон медиҳанд. Аммо танҳо назорат бар ин афрод аз сӯйи кормандони полис кофӣ нест ва бояд рӯйи тағйири тафаккури онон низ мутамаркиз шуд.

Аммо хонум Надежда Атоева, масъули Анҷумани дифоъ аз ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ бар ин бовар аст, ки ин иқдом нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои иҷтимоии ин ҷавонон, бавижа ҳаққи таҳсили илм аст.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон аз соли 2010 пас аз дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури ин кишвар дар хусуси бозгардондани ҷавонони тоҷик аз марокизи омӯзишҳои исломии кишварҳои хориҷӣ, азҷумла Афғонистон, Эрон, Покистон, Арабистони Саудӣ, Миср ва Яман беш аз 3 ҳазор нафарро ба Тоҷикистон бозгардонданд.

Онон ин иқдомро ҷилавгирӣ аз гароиши ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ унвон мекунанд. Ҳамчунин 20 мадрасаи исломӣ дар Тоҷикистон баста шудааст ва акнун танҳо як донишкадаи исломӣ дар ин кишвар фаъолият мекунад.

матолиби муртабит:

Муҷозоти нави Тоҷикистон барои таҳсили ғайриқонунии улуми динӣ дар кишварҳои хориҷӣ