Январ 12, 2019 09:49 Asia/Dushanbe
  • Падари хонаводаи тоҷики ҳодисаи Магнитогорск ба ҳуш омад

Шуҳрат Улфатов, падари хонаводаи тоҷиконе, ки дар ҳодисаи инфиҷор ва тахриби манзили маскунии 10 табақа дар шаҳри Магнитогорски Русия ҷони худро аз даст додаанд, пас аз 11 рӯз ба ҳуш омад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Тоҷвик, Бахтиёр Султонов,  амуи Шуҳрат Улфатов гуфтааст, пизишкон вайро аз дастгоҳи танаффуси маснуӣ ҷудо карданд ва намояндагони консулгарии Тоҷикистон дар маркази вилояти Челябинск муваффақ ба аёдати ӯ шудаанд.

Ин намояндагон ба пурсиши Шуҳрат Улфатов дар бораи саломатии ҳамсар ва 3 фарзандаш, ки дар ин ҳодиса ҷони худро аз даст доданд, гуфтаанд, ки ҳоли онон хуб аст ва ҷойи нигаронӣ нест.

Амуи Шӯҳрат Уфатов таъкид кардааст, ки намедонанд чӣ гуна вайро аз ҷон бохтани ҳамсар ва 3 фарзандаш огоҳ кунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки ҷасади хонум Раҷабмоҳ Исоева, ҳамсари Шуҳрат Улфатов ва се фарзанди ӯ шомгоҳи шашуми январ ба Душанбе мунтақил ва дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон ба хок супурда шуданд.

Мақомоти Русия эълом карданд, шумори қурбониёни ин ҳодиса, ки 31 декабри соли 2018 дар бинои 10 табақа ба иллати инфиҷори нашти газ рух дод, ба 39 нафар расидааст ва як модари тоҷик бо 3 фарзандаш низ дар миёни қурбониёни ин ҳодиса ҳастанд.