Январ 12, 2019 10:46 Asia/Dushanbe
  • Содироти ҳудуди 1.5 миллион тон семент аз Тоҷикистон дар соли 2018

Ожонси давлатии омори Тоҷикистон аз содороти 1 миллиону 437 ҳазор тон семент аз ин кишвар ба хориҷ дар соли 2018 хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Ожонси давлатии омори Тоҷикистон, арзиши молии содироти ин миқдор семент 65 миллиону 400 ҳазор доллар эълом шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2017 Тоҷикистон 971 ҳазор тон семент ба арзиши 46 миллион доллар ба хориҷ содир карда буд.

Дар соли 2018 дар Тоҷикистон беш аз севуним миллион тон семент тавлид шудааст, ки дар таърихи ин кишвар рекорд ба ҳисоб меояд.

Дар ин миён Узбакистон бо хариди 750 ҳазор тон семент аз Тоҷикистон дар соли 2018, муҳимтарин бозори хориҷии сементи Тоҷикистон будааст.

Ҳоҷӣ Муҳаммад Умаров, мудири шуъбаи Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва ҷамъияти вобаста ба Фарҳангистони улуми Тоҷикистон гуфтааст, ба иллати рушди сохтусоз дар Узбакистон, ниёз ба семент бо кайфияти тавлидшуда дар Тоҷикистон низ рӯ ба афзоиш аст.

Тоҷикистон анвои сементи 400, 500 ва 600 ба Узбакистон содир мекунад, ки аз кайфияти бисёр болое бархудор аст.

Бо вуҷуди бозсозии таҷҳизоти корхонаҳои тавлиди семент дар Узбакистон, дар таркиби сементи тавлидшуда дар Узбакистон гаҷ вуҷуд дорад, ки бар кайфияти он таъсири баде мегузорад.

Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Муҳаммад Умаров, Узбакистон солона ба панҷ миллион тон семент ниёз дорад, ки акнун як панҷум аз ин маҳсули сохтмонӣ аз Тоҷикистон ворид мешавад.

Ҳамчунин дар соли 2018 содироти сементи Тоҷикистон ба Афғонистон 482 ҳазор тон ва Қирғизистон 85 ҳазор тон баровард шудааст.

Дар Тоҷикистон 12 корхонаи тавлиди семент фаъолият мекунанд, ки дар 15 соли ахир бо сармоягузорӣ ва кумаки фаннии мутахассисони чинӣ сохта шудааст. Бар асоси омори Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, дар ин кишвар заминаи тавлиди солонаи наздик ба чаҳор миллион тон семент вуҷуд дорад.

Ба далели набуди газ дар Тоҷикистон корхонаҳои тавлиди сементи ин кишвар аз ангишт ба унвони сӯхти аслӣ истифода мекунанд.