Мушкилоти рустоҳои Тоҷикистон
Ба далели эъломи солҳои 2019 то 2021 дар Тоҷикистон ба унвони солҳои рушди деҳот, гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз сӯйи раисҷумҳури ин кишвар, хабаргузории Азия Плюс ба мушкилоти умдаи ин манотиқ ишора кардааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Азия Плюс, дар ҳоле ки 73 дарсад аз ҷамъияти беш 9 миллионнафарии Тоҷикистон дар манотиқи рустоӣ зиндагӣ мекунанд, ҳукумат қасд дорад бо ин номгузорӣ барномаи беҳбуди шароити маишатӣ, омӯзишӣ, дармонӣ, обрасонӣ, ҳамлу нақл ва иштиғолзоиро дар рустоҳои ин кишвар таҳия ва иҷро кунад.
Нахустин мушкили манотиқи рустоии Тоҷикистон бекорӣ аст, ки ба далели ночиз будани мизони маошу дастмуздҳо сокинони деҳоти ин кишвар кор дар Русияро бар фаъолият дар бахши кишоварзии ватани хеш тарҷеҳ медиҳанд. Аз ин рӯ, нерӯи умдаи кор дар рустоҳо акнун афроди бузургсол ва занону духтарон ҳастанд.
Мушкили дигари манотиқи рустоии Тоҷикистон набуди роҳҳои муносиб аст, ки бавижа дар деҳоти дурафтода ҷодаҳо ба тармим ва бозсозии асосӣ ниёз доранд.
Бонки Ҷаҳонӣ эълом кардааст, ки 53 дарсад аз ҷамъияти манотиқи рустоии Тоҷикистон ба оби ошомидании тоза дастрасӣ надоранд ва аз оби чашмаҳо ва ҷӯйҳо истифода мекунанд, ки посухгӯи меъёрҳои беҳдоштӣ нест.
Камбуди замин барои сохтусози маскану манзил аз дигар мушкилоти деҳоти Тоҷикистон аст, ки бо вуҷуди вогузории 120 ҳазор гектар замин барои сохти манозили маскунӣ дар ин кишвар тайи 25 соли ахир, ҳамчунон мавзӯи таъмини сокинони рустоӣ бо маскан ҳал нашуда боқӣ мондааст.
Камбуди зерсохтҳои омӯзишӣ, беҳдоштӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ аз дигар мушкилоти сокинони манотиқи деҳоти Тоҷикистон ба ҳисоб меояд. Аз сӯи дигар, набуди маконҳои муносиб барои ҷамъоварӣ ва ҷудо кардани зубола (партоб) аз дигар мушкилоти рустоҳои Тоҷикистон аст.
Ҳоло ин пурсиш матраҳ аст, ки оё ҳукумати ин кишвар тайи 3 соле, ки замони рушди деҳот, гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълом шудааст, аз ӯҳдаи ҳалли ин мушкилот бархоҳад омад?