Эъломи омодагии Тоҷикистон барои содироти барқи арзон ба Покистон
Сафири Тоҷикистон дар Исломобод барои таъмини барқи арзони Покистон эъломи омодагӣ кард.
Ба гузориши рӯзи шанбеи "Dawn" чопи Покистон, Шералӣ Ҷононов дар дидор бо Молик Шаҳид Салим раиси кабинаи бозаргонӣ ва саноати Ровалпиндӣ зимни ибрози тамоюл барои афзоиши ҳаҷми мубодилоти тиҷорӣ бо Исломобод гуфт: Душанбе омодагӣ дорад, то ниёзи барқи арзон ва поки ин кишварро бо оғози баҳраварӣ аз садди Роғун бартараф кунад.
Сафири Тоҷикистон дар поёни маъмурияти шашсолаи худ дар Исломобод ҳамчунин аз давлат ва ҷомеъаи тиҷорӣ ва саноатии Покистон хост аз фурсатҳои ҳамкории бавуҷуд омада бар асари тавсеъаи саноати барқ ва садди Роғун-и Тоҷикистон баҳраварии бештаре ба амал оваранд, то заминаҳои ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои гардишгарӣ ва дар рақобати Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) низ фароҳам шавад.
Тоҷикистон дар ҳоли сохти неругоҳи барқи обии Роғун аст, ки пас аз такмил, на танҳо ниёзи дохилиро таъмин мекунад, балки қодир аст барқро ба кишварҳои ҳамсояи худ низ содир кунад.
Бар асоси ин гузориш қарор аст Умрон Хон, нахуствазири Покистон дар июни 2019 барои аввалин бор ба Тоҷикистон сафар кунад.