Даргузашти устоди риштаи таърихи Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i40920-Даргузашти_устоди_риштаи_таърихи_Тоҷикистон
Доктор Абдусаттор Мухторов, устоди риштаи таърихи Тоҷикистон дар Донишгоҳи Миллӣ дар синни 81 солагӣ дори фониро видоъ гуфт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 13, 2019 10:56 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти устоди риштаи таърихи Тоҷикистон

Доктор Абдусаттор Мухторов, устоди риштаи таърихи Тоҷикистон дар Донишгоҳи Миллӣ дар синни 81 солагӣ дори фониро видоъ гуфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, вай ки наздик ба 60 соли умри худро вақфи тадриси риштаи таърих дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон карда буд, рӯзи 12 –уми январи соли ҷорӣ чашм аз ҷаҳон фурӯ баст.

Аксари донишомӯхтагони Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар даҳаҳои 1970 ва 1990 ва даврони истиқлоли ин кишвар дар донишкадаҳои таърих, ховаршиносӣ, рӯзноманигорӣ ва забону адабиёти форсии тоҷикӣ асосҳои илми таърихро аз шодравон Абдусаттор Мухторов омӯхтаанд.

Вай ҳатто дар даврони ҳукумати Шӯравӣ, ки маҳдудиятҳое дар бораи омӯзиши таърихи Тоҷикистон вуҷуд дошт, барои зоиши соатҳои тадриси ин ришта талоши фаровоне кард.

Ин устоди фақид китобҳое таҳти унвони “Сомониён: замон ва макон” ва “Таърихи халқи тоҷик” ва даҳҳо мақолаи муҳими илмӣ ба ёдгор гузоштааст.

Гуфта мешавад, ки иллати даргузашти Абдусаттор Мухторов аворизи ношӣ аз сактаи мағзӣ будааст.