Январ 14, 2019 09:50 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 400 ҳазорнафарии қарздорони бонкӣ дар Тоҷикистон

Дар соли 2018 теъдоди қарздорони бонкӣ дар Тоҷикистон ба 400 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст. Акнун аз ҳар 10 сокини ин кишвар 2 нафар ба бонкҳо ва муассисоти молии ин ҷумҳурӣ қарз доранд.

Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, аксари ин афрод барои таъмини ҳазинаи таҳсилии фарзандон, хариди манзили истиқоматӣ, сохту сози хона, тиҷорат ва бозаргонӣ аз бонкҳо қарз гирифтаанд, аммо ба далели боло будани суди ин эътиборот дар бозпардохти ин маблағҳо бо мушкил рӯбарӯ шудаанд.

Манучеҳр Абдусамадзода, мудири Маркази таҳлилии умури бонкӣ ва муассисоти молӣ ва эътиборӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, сини миёнаи афроде, ки аз бонкҳои ин кишвар вом дарёфт мекунанд 25 то 40 сол аст, аммо теъдоди зиёде аз ин афрод бо қавонини бонкӣ ва шароити вогузории вомҳо ошно нестанд, бино бар ин ба далели деркард дар бозпардохти ин эътиборот ва суди болои он, хонаҳои истиқоматӣ ва дороиҳои хешро аз даст медиҳанд. Ба гуфта вай, мизони суди вомҳои бонкӣ дар Тоҷикистони байни 14 то 40 дарсад аст, ки болотарин шохис дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меояд.

Ин дар ҳоле аст, ки раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2018 пешниҳоди коҳиши суди вомҳои бахши хусусиро, ки аз сӯи гурӯҳе аз намояндагони Маҷлиси қонунгузори ин кишвар ироа шуда буд, напазируфт. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон муддаӣ аст, ки 60 то 70 дарсад манобеи молӣ дар ихтиёри ин ниҳод 10 то 15 сол қабл бо суди боло дарёфт шудааст ва бонк наметавонд ба зиёни худ фаъолият кунад.

Аз сӯи дигар фаъолони бахши хусусии Тоҷикистон суди 28,5 дарсадии бозпардохти вомҳои бонкиро, камаршикан ва зиёновар унвон мекунанд, ки ҳамасола мӯҷиби варшикаст шудани ҳазорон нафар мешавад.