Хайрулло Мирсаидов ба Тоҷикистон барнамегардад
Хайрулло Мирсаидов, журналист ва роҳбари собиқи дастаи КВН-и Тоҷикистон, ки ахиран додгоҳи шаҳри Хуҷанд, вайро ба иттиҳоми тарки худсаронаи маҳалли зиндагиаш ва сарпечӣ аз корҳое, ки мебоист бар асоси ҳукми озодии машрут анҷом медод, ба 8 моҳ зиндон маҳкум кард, мегӯяд, ки ба Тоҷикистон барнамегардад.
Ба гузориши сомонаи Ахбор, вай, ки дар хориҷ басар мебарад дар вокуниш ба ҳукми ғоибии додгоҳи шаҳри Хуҷанд гуфтааст, ки 9 моҳ боздошти қаблӣ барои ӯ кофӣ аст ва дигар қасд надорад ба Тоҷикистон баргардад.
Вай таъкид кардааст, ки худро дар ҳеҷ як аз иттиҳомоти матраҳ шуда дар додгоҳ гунаҳкор намедонад ва бояд касоне, ки алайҳи ӯ парвандасозӣ кардаанд, мавриди муҳокима ва муҷозот қарор бигиранд.
Ин дар ҳоле аст, ки додгоҳи шаҳри Хуҷанд, Мирсаидовро, ки дар моҳи августи соли 2018 аз зиндон озод шуда буд, дубора ба 8 моҳ зиндон маҳкум кард.
Хайрулло Мирсаидов моҳи декабри соли 2017 баъди нашри номааш дар бораи вуҷуди корупсия дар мақомоти вилояти Суғд боздошт шуд. Моҳи июли соли 2017 ӯро ба 12 соли зиндон маҳкум карданд, вале таҳти фишори ҳомиёни ҳуқуқ алакай моҳи август ҳукми Мирсаидовро ба ду соли корҳои ислоҳӣ ва 80 ҳазор сомонӣ ҷарима иваз карданд
Моҷаро замоне оғоз шуд, ки Мирсаидов ба мақомҳои олии кишвар ва вилояти Суғд шикоят кард.
Иллати шикоят низ пардохт накардани маблағи таъйин шуда барои бошгоҳи ҳозирҷавобон ва талаби ришва унвон шуда буд.