Январ 16, 2019 10:04 Asia/Dushanbe
  • Арзёбии авзои иқтисоди Тоҷикистон аз сӯйи Бонки Ҷаҳонӣ

Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ эълом кардаанд, ки фазои касбу кор дар Тоҷикистон беҳбуд наёфтааст ва иқтисоди ин кишвар аз буҳрони сангине ранҷ мебарад.

Ба гузориши Спутник, коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши тозаи ин ниҳод муддаӣ шудаанд, ки дар Тоҷикистон барои беҳбуди фазои тиҷорат ҳеҷ иқдоме нашуда ва ҷазби сармояи мустақим ба манзури рушди иқтисод низ дар ҳоли коҳиш аст.

Дар нимаи нахусти соли 2018 беш аз 60 дарсад аз сармоягузории мустақими хориҷӣ ба бахши истихроҷи маъдани Тоҷикистон ҷазб шуда, ки натиҷаи додани сабукиҳои андозиву молиётӣ ба ширкатҳои хориҷӣ аст.

Дар таҳқиқи коршиносони ин ниҳод аз авзои иқтисоди Тоҷикистон, таваҷҷуҳи ҳукумати ин кишвар барои бозсозӣ ва ислоҳот дар иқтисод нокофӣ арзёбӣ шудааст. Зеро иқтисоди кишвар вобаста ба воридот ва даромади ирсолии коргарони муҳоҷир аз хориҷ аст ва ин амр заминаи рушди тавлидоти саноатиро кунд мекунад.

Бонки Ҷаҳонӣ мушкилоти мудириятиро монеае ҷиддӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон хонд ва эҷоди фазои яксон ва шароити мусовӣ барои ширкатҳои тавлидии давлатӣ ва хусусӣ дар ин кишварро хостор шуд. Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 2018 эълом карда буданд, ки танҳо тайи солҳои 2016 то 2017 мизони қарзи хориҷии Тоҷикистон 9 дарсад афзоиш ёфта, ки бар тавлиди нохолиси миллии ин кишвар таъсири манфӣ гузоштааст.

Ин коршиносон иллати афзоиши қарзи хориҷии Тоҷикистонро фурӯши 500 миллион доллар саҳҳоми молии нерӯгоҳи дар дасти сохти Роғун, дарёфти вомҳои ҷадид аз Чин ва коҳиши арзиши сомонӣ - воҳиди пули миллии ин кишвар дар баробари арзҳои хориҷӣ унвон кардаанд.