Истирдоди 40 нафар аз аъзои тоҷики гуруҳҳои ифротӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон
(last modified Tue, 15 Jan 2019 07:19:01 GMT )
Январ 15, 2019 12:19 Asia/Dushanbe
  • Истирдоди 40 нафар аз аъзои тоҷики гуруҳҳои ифротӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон эълом карданд тайи чанд моҳи гузашта ҳудуди 40 нафар аз аъзои тоҷики гуруҳҳои ифротӣ аз Афғонистон ба ин кишвар истирдод шуданд.

Ин хабарро Шарофуддин Эмомов, сафири Тоҷикистон дар Кобул эълом карда ва афзудааст ҳамкории мақомоти ду кишвар дар ин замина хуб аст.

Мақомот ва расонаҳои Афғонистон, Тоҷикистон ва Русия борҳо аз вуҷуди шаҳрвандони Тоҷикистон дар қолиби Доиш, Толибон ва Алқоъида дар ин кишвар хабар додаанд. Аз ҷумлаи ин афрод Гулмурод Ҳалимов  фармондеҳи пешини неруҳои вижаи Вазорати кишвари Тоҷикистон аст, ки ба Доиш пайваст ва вазири ҷанги ин гуруҳи террористӣ ба ҳисоб меояд.

Генерал Ҳалимов аз Сурия ва Ироқ ба шимоли Афғонистон мунтақил шудааст.

Манобеъи огоҳи сиёсӣ-амниятӣ дар Афғонистон, Амрико ва ғарбро тарроҳи барномаи интиқоли Доиш дар Афғонистон медонанд.