Январ 16, 2019 11:10 Asia/Dushanbe
  • Раҳмон фармони муофияти бахши хусусӣ аз таҳқиқу санҷиши дусоларо имзо кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон фармони муофияти бахши хусусии ин кишвар аз таҳқиқ ва санҷиши дусоларо имзо кард.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо имзои ин фармон, таҳқиқ ва тафаҳҳус аз фаъолияти бахши хусусӣ барои солҳои 2019 то 2021 - ро мамнуъ кард.

Ҳадаф аз ин иқдом ҳимоят аз тавлидкунандагони маҳсулот, иштиғолзоӣ, таҳкими тавонбахшии саноат ва афзоиши содироти маҳсулот ба кишварҳои хориҷӣ унвон шудааст.

Ин фармон ҳазору 930 маркази тавлидӣ ва саноатиро шомил мешавад, ки то соли 2021 ҳеҷ ниҳоде ҳаққи анҷоми таҳқиқ ва санҷиш аз ин воҳидҳоро надорад.

Дар феҳристи номҳои марокизи тавлидӣ номи 450 воҳиди тавлиди маводи ғизоӣ ва нӯшоба, 307 маркази саноатӣ, 259 коргоҳи бофандагӣ, 212 корхонаи коркарди маъдан ва 114 воҳиди чоп ва интишорот мушоҳида мешавад.

Қаблан низ раисҷумҳури Тоҷикистон бо интиқод аз вуҷуди 30 ниҳоди назоратӣ дар кишвараш барои таҳқиқ ва тафаҳҳуси фаъолияти бахши хусусӣ шароитро ғайриқобили тавҷеҳ унвон карда буд.

Ин дар ҳоле аст, ки фаъолони бахши хусусии Тоҷикистон аз вуҷуди даҳҳо ниҳоди таҳқиқ ва тафаҳҳус дар ин кишвар, ки муҷиби рушди фасоди молӣ ва ришвахорӣ, саҳмхоҳии кормандони ин ниҳодҳо мегардад ва бори сангине бар дӯши мудирон ва масъулони воҳидҳои тавлидӣ мениҳад, ба шиддат ибрози норизоӣ мекунанд.