Январ 16, 2019 11:50 Asia/Dushanbe
  • Оғози тарҳи бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи Норак аз моҳи март

Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон аз оғози бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи обии Норак дар авохири марти соли ҷорӣ хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, ширкати олмонӣ ва австрияии ANDRITZ, ки дар муноқисаи байналмилалии бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи обии Норак дар тобистони соли 2018 баранда шуд, иҷрои ин тарҳро дар моҳи марти соли ҷорӣ оғоз хоҳад кард.

Ин ширкат мутааҳҳид шудааст, ки кори таъвизи 9 турбина ва таҷҳизоти асосии нерӯгоҳи обии Норакро тайи 10 сол анҷом диҳад.

Барои марҳилаи нахусти бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи Норак, ки ба 5 сол замон ниёз дорад, 350 миллион доллар ҳазина хоҳад шуд. Саҳми Бонки Ҷаҳонӣ дар ин тарҳ 225 миллион доллар, Бонки сармоягузории таъсисоти зербиноии Осиё 60 миллион доллар ва 57 миллион доллар низ кумаки ройгони дигар ниҳодҳои молии минтақаӣ аст.

Нерӯгоҳи обии Норак бо 9 турбина ва зарфияти тавлиди 3 миллиард киловатт соат барқ дар сол, аз 47 соли қабл фаъол шудааст ва акнун ба бозсозӣ ва таъвизи турбина ва таҷҳизоти асосӣ ниёз дорад.

Мақомоти давлати Тоҷикистон қаблан эълом карда буданд, барои бозсозӣ ва навсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи обии Норак ба беш аз 700 миллион доллар ниёз доранд.

Ба гуфтаи мутахассисон, пас аз поёни бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи Норак заминаи афзоиши 12 дарсадии зарфияти тавлиди барқ дар ин нерӯгоҳ фароҳам хоҳад шуд.

Маблағи созишномаи бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи обии Норак аз сӯйи ширкати олмонӣ ва утришии ANDRITZ 120 миллион евро эълом шудааст.

Ба иллати саҳми 70 дарсади нерӯгоҳи Норак дар таъмини барқи масрафии Тоҷикистон, то кунун кишварҳо ва муассисоти молии байналмилалии зиёде, азҷумла Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки тавсеаи Осиё барои ироаи кумаки молӣ ба бозсозии он эъломи омодагӣ кардаанд.