Иддаои намоядаи курдҳо дар Русия ва иқдомоти башардӯстонаи Тоҷикистон
Январ 16, 2019 21:51 Asia/Dushanbe
Намояндаи курдҳои Сурия дар Русия муддаӣ шудааст, Тоҷикистон хиёли бозгардондани шаҳрвандони диишии асири худро аз Ховари Миёна надорад, аммо сафири Тоҷикистон дар Бағдод аз талошҳои худ барои бозгардондани ҳамсарони маҳкумшудаи ҷангҷуёни тоҷик дар Ироқ хабар медиҳад.
Ҳамчунин мақомоти тоҷик афви диишиҳои тоҷикро, ки бо хоҳиши худ ба Тоҷикистон бозмегарданд, аз иқдомоти башардӯстонаи давлати Тоҷикистон барои бозгардондани шаҳрвандони ин кишвар аз Сурия, Ироқ ва Афғонистон унвон мекунанд.