Январ 17, 2019 10:47 Asia/Dushanbe
  • Равнақи гардишгарии Тоҷикистон дар соли 2018

Ҳамарӯза 3 ҳазору 400 нафар меҳмонон аз кишварҳои дигар ба Тоҷикистон омадаанд.

Ба нақл аз Спутник, соли гузашта 1 миллионну 250 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид намуданд.

Бино ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, бо назардошти боздиди 430 ҳазору 922 нафар сайёҳон аз Тоҷикистон дар соли 2017, соли 2018 шумори боздиди сайёҳони хориҷӣ 2,6 баробар афзудааст.

Раиси кумита Нуъмон Абдуғаффорзода он замон изҳор дошта буд, ки то ба миллион нафар расонидани шумори сайёҳон ба Тоҷикистон то соли 2020 ба нақша гирифта шудааст.

Афзоиши шумори шаҳрвандони хориҷиро, ки аз Тоҷикистон боздид мекунанд, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар паёми худ ба парлумон қайд кард.

Тибқи ҳисоботи солонаи Кумитаи рушди сайёҳӣ, имрӯз дар Тоҷикистон 145 адад агентиҳои туристӣ амал мекунанд, ки 75-тои онҳо соли 2018 таъсис дода шудаанд. Ҳамчунин дар саросари кишвар 297 меҳмонхона фаъолият дошта, сохтмони боз 41 меҳмонхона ҷараён дорад.