Афзоиши 3 баробарии воридот нисбат ба содирот дар Тоҷикистон дар соли 2018
Фурӯши яке аз маҳсулоти асосии содиротии кишвар – нахи пахта беш аз 40 дарсад коҳиш ёфт.
Ба нақл аз Азия-Плюс, соли 2018 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон 6,3 дарсад афзуда, зиёда аз 4,2 миллирад долларро ташкил дод. Афзоиш аз ҳисоби зиёдшавии воридоти молу маҳсулот ба ҷумҳурӣ сурат гирифт.
Соли 2018 ба ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 3,1 миллирад доллар маҳсулот ворид шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2017 – 13,5 дарсад зиёдтар аст.
Наздики чоряк ҳиссаи маҳсулоти воридотӣ ба кишварро воситаҳои нақлиёт, мошинҳо ва таҷҳизот ташкил медиҳад. Дар муқоиса бо соли пешин ҳаҷми воридоти чунин маҳсулот қариб ним баробар афзудааст.
Беш аз нисфи молу маҳсулот дар сохтори содиротии кишвар ба маҳсулоти минералӣ рост меояд.
Фурӯши яке аз маҳсулоти асосии содиротии кишвар – нахи пахта соли сипаришуда беш аз 40 дарсад коҳиш ёфт.
Ҳамин тариқ, касри тавозуни савдои Тоҷикистон дар соли 2018 ба наздики 2,1 миллирад доллар баробар шуд.
Шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар соли 2018 Русия боқӣ монда, соли гузашта ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Русия беш аз 1 миллирад долларро ташкил дод.
Соли 2018 Тоҷикистон бо Қазоқистон - ба маблағи зиёда аз 836 миллион, Чин – беш аз 651 миллион, Туркия – наздики 402 миллион доллар муомилоти молӣ анҷом додааст.
Дар ҳамин ҳол, соли 2018 тамоили афзоиши ҳаҷми муомилоти мол бо Узбакистон идома ёфта, соли гузашта ҳаҷми он 2,3 баробар афзуд ва ба наздики 290 миллион доллар расид.