Кабирӣ иддаои кумаки Эрон ба мухолифони ҳукумати Тоҷикистонро такзиб кард
Раҳбари Паймони Миллӣ ва раиси Ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон дар нахустин гуфтугӯи мустақими интернетии хеш пас аз 4 соли хориҷ шуданаш аз Тоҷикистон, ба пурсишҳои корбарони интернетӣ посух дод.
Ба гузориши сомонаи Ахбор, Муҳиддин Кабирӣ дар ин гуфтугӯ, ки ба муддати дувуним соат мустақиман аз шабакаҳои Ютюб ва Фейсбук пахш шуд, ба пурсишҳои корбарон дар бораи далоили хориҷ шуданаш аз Тоҷикистон, фаъолиятҳои Паймони Миллии Тоҷикистон дар хориҷ, дифоъ аз ҳуқуқи зиндониёни сиёсии маҳкумшуда дар дохили ин кишвар, дурнамои таҳаввулоти сиёсӣ ва овозаи кумаки бархе кишварҳои хориҷӣ, азҷумла Эрон ба мухолифони ҳукумати Душанбе посух дод.
Кабирӣ дар посух ба пурсиши корбарон дар бораи иддаои кумаки Эрон ба мухолифони ҳукумати Тоҷикистон, бавижа Ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ дар ин кишвар гуфтааст: На Эрон, на Покистон, на Амрико ва на Олмон барои фаъолияти ин ҳизб дар хориҷ сармоягузорӣ намекунанд. Балки сиёсати саркӯб, шиканҷа ва зулми ҳукумати Тоҷикистон дар баробари мухолифон боис мешавад, ки виҷдонҳои бедор дилашон ба ҳоли мо бисӯзад ва ба мо кумак кунанд. Зеро Ҳизби наҳзати исломӣ, Гурӯҳи 24 ва дигар созмонҳои мухолиф эҷоди тағйир барои доштани зиндагии беҳтар ва озодона дар Тоҷикистонро хостор ҳастанд.