Баррасии тарҳи бозсозии роҳи Тоҷикистон ба Қирғизистон дар Душанбе
Бозсозии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қирғизистон дар нишасти мақомоти Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Ба гузориши хабаргузории Тоҷик-ТА, дар ин нишаст, ки ба раёсати Давлаталӣ Саид муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон баргузор шуд, роҷеъ ба таҳияи тарҳи бозсозии роҳи ноҳияи Ваҳдат то марзи Қирғизистон ва фароҳам кардани манобеи молии мавриди ниёз баҳс ва табодули назар шуд.
Бар асоси ин тарҳ таъмини манобеи молӣ барои бозсозии километри 72 ин роҳ дар ноҳияи Ваҳдат то километри 172-и он дар ноҳияҳои Рашт ва Лахш дар дастури қарор гирифт.
Қаблан бахшҳое аз ин роҳи муҳими транзитӣ бо кумаки молии 60-миллиондолларии Бонки Рушди Осиё тармим ва бозсозӣ шуда буд.
Роҳи ноҳияи Ваҳдат то марзи Қирғизстон 400 километр тул дорад, ки масири иртиботии шарқи Тоҷикистон бо Қирғизистон аст.
Бахши аслии воридоти сӯхт ва маҳсулоти мавриди ниёзи Тоҷикистон аз Қирғизистон аз масири вилоятҳои Суғд ва Ботканди Қирғизистон анҷом мегирад, ки дар муқоиса бо роҳи Душанбе то ноҳия Лахш кӯтоҳтар ва басарфатар арзёбӣ мешавад.
Ҳамчунин бахши қобили мулоҳизаи сӯхти мавриди ниёзи Тоҷикистон аз Қирғизистон ба вилояти Суғд ворид мешавад ва дар идома бо мошинҳои боркашонӣ ба шаҳри Душанбе интиқол меёбад.