Сентябр 14, 2016 19:47 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкориҳо байни Эрон ва Тоҷикистон

Муовини сафири Тоҷикистон дар севумин ҷашнвораи миллии пистаи Эрон дар Домғон аз имзои беш 160 тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахшҳои мухталиф то имрӯз хабар дод ва бар тамоюли давлатмардони ин кишвар ба густариши ҳамкориҳо бо Эрон таъкид кард.

Муродҷон Бурибоев дар нахустин рӯз аз севумин ҷашнвораи миллии пистаи Эрон, ки бо ҳузури масъулони кишварӣ, устонӣ ва шаҳристонӣ, баҳрабардорон, боғдорон ва кишоварзон ба мизбонии толори ҳамоишҳои Ҳилоли аҳмари шаҳристони Домғон баргузор шуд, изҳор дошт: Илова бар дин, забон, фарҳанг ва таърихи муштараки ду миллати Эрон ва Тоҷикистон ва равобити бародаронаи ду кишвар, Ҷумҳурии Исломии Эрон нахустин кишваре буд, ки пас аз истиқлоли Тоҷикистон сафорати худро дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ кард, ки нишон аз умқи равобити бародаронаи ду миллат ва ду кишвар дорад.

Муовини сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ишора ба зарурати ташкили комиссияи муштараки густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои мухталиф, ба вижа иқтисодӣ, кишоварзӣ ва фарҳангӣ тасреҳ кард: Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зудӣ дар Эрон баргузор мешавад.

Муродҷон Бурибоев бо изҳори хурсандӣ аз ҳузур дар севумин ҷашнвораи миллии пистаи Эрон ва бо ишора ба ҳузури сафири Тоҷикистон дар дувумин давра аз ин ҷашнвора ва ҷашни шукргузорӣ, Домғонро шаҳре таърихӣ, афсонаӣ ва диданӣ хонд, ки ҷозибаҳои табиӣ ва таърихӣ ва тавонмандиҳо, тавлидоти кишоварзӣ ва манобеи табиии он метавонад мақсади ҷаззобе барои гардишгарон ва сармоягузорон бошад.

Вай бо ишора ба вуҷуди анвои бумии писта дар Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи хосси бахши кишоварзии ин кишвар бар эҷоди заминаҳои тавлиди пистаи марғуб дар солҳои охир, гуфт: Барномае 10-сола барои тавлиди писта дар 10 ҳазор гектар аз заминҳои кишвари Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Муовини сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баёни инки бар асоси мутолиоти анҷомшуда, 15 навъи марғуби пистаи Эрон дар Тоҷикистон қобили кишт ва тавлид аст, афзуд: Дар ин замина ҳамкориҳое бо бародарон ва мутахассисони эронӣ дар бахшҳои шимоли Тоҷикистон дар ҳоли анҷом аст.

Муродҷон Бурибоев бо ишора ба алоқамандии ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон бар ҳамкорӣ дар заминаи об, изҳор дошт: 93 дарсади масоҳати кишвари Тоҷикистонро кӯҳсорҳо ташкил медиҳад ва вуҷуди 60 дарсади захоири обии Осиёи Марказӣ дар ин кишвар, бузургтарин сарват ва неъмати илоҳӣ барои мардуми мо аст ва ҳамвора алоқамандем бо анҷоми ҳамоҳангиҳо ва тавофуқоти лозим дар ин замина низ бо миллат ва кишвари бародари Эрон ҳамкории матлубе дошта бошем.

 

Барчасп