Январ 21, 2019 11:45 Asia/Dushanbe
  • Қатъи кумакҳои молии ниҳодҳои байналмилалӣ ба ҳукумати Тоҷикистон

Созмонҳои молии байналмилалӣ кумак ба буҷаи ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2019-ро қатъ кардаанд.

Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, бар асоси тавофуқи ҳукумати Тоҷикистон бо ниҳодҳои молии байналмилалӣ, мебоист барои ҳимоят аз буҷаи ҳукумати ин кишвар 200 миллион сомонӣ кумаки бебозгашт ихтисос меёфт, аммо имсол ин маблағ вогузар нахоҳад шуд.

Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши хеш дар тавзеҳи ин иқдом навиштааст, ки тамоми шарикони барномаи рушди Тоҷикистон то замони ба тавофуқ  расидани ҳукумати ин кишвар бо Сандуқи байналмилалии пул, кумак ба ҳимоят аз буҷаи давлати ин ҷумҳуриро мутаваққиф кардаанд.

Дар ин гузориш ба ҷузъиёти музокироти ҳукумати Тоҷикистон бо Сандуқи байналмилалии пул ишора нашуда, аммо таъкид мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон дар гузориши хеш дар бахши амалкарди молӣ шаффофият нишон намедиҳад.

Бар асоси ин гузориш, ҳукумати Тоҷикистон танҳо мизони умумии молиёти пардохтиро эълом кардааст, аммо мушаххас нест, ки ин шохис ҳосили пардохти довталабона аст ё мавориди ифшо шуда аз фирори молиётӣ дар пайи таҳқиқу тафтишро низ шомил мешавад.

Бонки Ҷаҳонӣ муддаӣ аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон хариду фурӯши арзҳои хориҷиро маҳдуд карда, ки ин мавзӯъ мӯҷиби равнақи бозори сиёҳи муомилоти арз мешавад ва мизони сармоягузории хориҷиро низ коҳиш медиҳад.

Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ мӯътақиданд, мизони қарзҳои хориҷии Тоҷикистон бо 55 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии ин кишвар баробар шудааст, ки паёмадҳои ногуворе барои иқтисоди ин ҷумҳурӣ хоҳад дошт.

Аз сӯи дигар, Мақсуд Собиров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, ки шартҳои Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар ниҳодҳои молии байналмилалӣ барои беҳбуди авзои иқтисоди Тоҷикистон, дуруст аст ва давлат бояд барои дарёфти қарзҳои ҷадид даст ба ислоҳоти густурда бизанад, аммо баназар мерасад, ки ҳукумати Тоҷикистон барои ин кор омода нест ва ҳол бояд дар интизори коҳиши кумаки ниҳодҳои молии байналмилалӣ низ бошад.