Январ 22, 2019 10:46 Asia/Dushanbe
  • Дархости Раҳмон барои ҷалби бештари бонувон ба сохторҳои Ҳукумати Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҷалби бештари бонувон ба сохторҳои ҳукуматии ин кишварро хостор шуд.

Ба гузориши сомонаи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмон рӯзи душанбе дар ҷаласаи солонаи ҳукумат аз мақомоти ин кишвар хост, то заминаи идомаи таҳсилоти олии духтарон ва ҷазби онҳоро ба сохторҳои ҳукуматӣ фароҳам кунанд. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин ҷаласа аз кам будани намояндагони бонувон дар идораҳои давлатӣ ба унвони мудир ва корманд интиқод кардааст.

Мавзӯи ҷалби бештари бонувони тоҷик ба сохторҳои ҳукуматии Тоҷикистон дар ҳоле матраҳ аст, ки ин қишр аз ҷомеа бо мушкилоте чун бекорӣ, хушунати хонаводагӣ, озору азияти хиёбонӣ ва фишорҳо ба хотири доштани пӯшиши исломӣ мувоҷеҳ ҳастанд.