48 миллион доллар кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон дар соли 2018
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i41150-48_миллион_доллар_кумаки_башардӯстона_ба_Тоҷикистон_дар_соли_2018
Тоҷикистон дар як соли ахир 48.4 миллион доллар кумаки башардӯстона дарёфт кардааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 22, 2019 15:47 Asia/Dushanbe
  • 48 миллион доллар кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон дар соли 2018

Тоҷикистон дар як соли ахир 48.4 миллион доллар кумаки башардӯстона дарёфт кардааст.

Ба нақл аз Форс, ин мизон кумакҳои башардӯстона аз 62 кишвари мухталифи ҷаҳон ба Тоҷикистон ворид шудааст.

Ҳинд бо саҳми 16,6 дарсадӣ бештарин кумакҳои башардӯстонаро дар соли гузашта барои Тоҷикистон ирсол кардааст.

Ҳамчунин 14.3 дарсад аз ин кумакҳо марбут ба Русия, 10.2 дарсад марбут ба Чин ва 9 дарсад марбут ба Швейтсария аст.

Орду равғани офтобгардон ва маҳсулоти доруӣ аз муҳимтарин колоҳоест, ки дар ин муддат аз тариқи кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон ворид шудааст.