Январ 23, 2019 09:50 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати модарони тоҷикистонии зиндонӣ дар Ироқ бо бозгашти фарзандонашон ба ватан

Сафири Тоҷикистон дар Ироқ аз мухолифати теъдоде аз модарони зиндонии тоҷик дар ин кишвар бо бозгардонидани фарзандонашон ба Душанбе хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, Зубайдуллоҳ Зубайдзода, сафири тозамансубшудаи Тоҷикистон дар Ироқ гуфтааст, ки 95 кӯдаки тоҷик дар парваришгоҳҳои ин кишвари арабӣ нигаҳдорӣ мешаванд, ки падарони онон кушта шуда ва модарони теъдоде аз онон ҳам дар зиндонҳои Ироқ давраи маҳкумияти худро мегузаронанд.

Вай таъкид кардааст, ки теъдоде аз 43 зани тоҷик, ки ба иттиҳоми мушорикат дар фаъолияти гурӯҳи террористии ДИИШ ба зиндони абад ва ҳабси тӯлонӣ маҳкум шудаанд, бо бозгардонидани фарзандонашон ба Тоҷикистон мухолифат мекунанд. Аммо бар асоси қонунҳои ҳуқуқии Ироқ танҳо дар сурати ризоияти модарон ин кӯдакон барои бозгардонидани онон ба Тоҷикистон, ин амр имконпазир хаҳад буд.

Яке аз ин модарони зиндонӣ хонум Зебуннисо, сокини 38 солаи вилояти Хатлон гуфтааст, волидайнаш фавт кардаанд ва танҳо бародараш намехоҳад сарпарастии кӯдаконро бар ӯҳда бигирад.

Ба гуфтаи сафири Тоҷикистон, аз 43 зани тоҷик, ки давраи маҳкумияти худро дар Бағдод мегузаронанд, 15 зан бо бозгашти фарзандонашон ба Душанбе мухолифат кардаанд.

Вай муътақид аст, аз он ҷо ки ин афрод фиребхурдгоне ҳастанд, ки ба ҳамроҳи шавҳаронашон барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба Ироқ омада ва ҳамсарони худро аз даст додаанд, имкон дорад аз сӯйи давлати Бағдод афв шаванд.