Январ 23, 2019 10:49 Asia/Dushanbe
  • Сандуқи Шӯрои субот ва рушди АвруОсиё кумаки ваъдадодаро намепардозад

Сандуқи Шӯрои субот ва рушди АвруОсиё аз пардохти бахши дувуми кумаки молӣ ба Тоҷикистон худдорӣ кард.

Ба гузориши сомонаи Спутник, ин шӯро, ки қаблан бар асоси тавофуқи соли 2015 бо Ҳукумати Тоҷикистон, 20 миллион доллар барои ҳимоят аз барномаи ислоҳоти Ҳукумат ва Бонки Миллии Тоҷикистон ихтисос дода буд, аз поёни ҳамкорӣ бо Душанбе дар ин замина хабар додааст.

Бар асоси ин тавофуқ, кумаки молии ёдшуда мебоист барои ислоҳот дар сохтори низоми бонкии Тоҷикистон, таҷдиди назар дар фаъолияти бахши энержӣ, дар пеш гирифтани сиёсати тағйири муомилоти арзӣ ва ҳимоят аз буҷаи ҳукумат ҳазина мешуд, аммо ба далели ин ки то 15 ноябри соли 2018 Тоҷикистон бахше аз қарзҳои худро ба Сандуқи бонки рушди АвруОсиё пардохт накард, ихтисоси бахши дувуми ин кумак ба мизони 20 миллион доллар ба ин кишвар мутаваққиф шуд.

Пештар ҳадаф аз ин кумаки молӣ тақвияти тавони Тоҷикистон дар баробари осебҳои расида аз буҳрони иқтисодӣ эълом шуда буд, аммо акнун дар баёнияи Шӯрои субот ва рушди АвруОсиё таъкид шудааст, ки ба далели мушоҳида нашудани пешрафт дар ислоҳоти низоми молиёт, худдории Ҳукумати Тоҷикистон аз таҷдиди назар дар сиёсати арзии Бонки Миллӣ ва мавонеъ дар фаъолияти гумрукӣ, 20 миллион доллари бахши дувуми кумаки молии ин шӯро ба Душанбе тааллуқ нахоҳад гирифт.

Ҳамчунин дар ин баёния омадааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба тааҳҳуди хеш барои тасвиби бархе созишномаҳо бо Бонки Рушди АвруОсиё бо ҳадафи коҳиши осебҳои ношӣ аз буҳрони иқтисодӣ ва таъйини мароҳили бозпардохти қарзи хеш ба ин бонк амал накардааст.

Сандуқи Шӯрои субот ва рушди АвруОсиё эълом кардааст, ҳамкориаш бо Ҳукумати Тоҷикистон дар оянда бар асоси гузориши Бонки Рушди АвруОсиё мушаххас хоҳад шуд.