Сентябр 15, 2016 09:31 Asia/Dushanbe
  • 5 соли интизор барои интишори китоби шоири тоҷики узбакистонӣ

Маҷмуаи пажӯҳишии шоири тоҷик аз шаҳри Самарқанд, 5 сол аст, ки дар интизори интишор дар Тоҷикистон қарор дорад.

Ба гузориши сойти Азия плюс,  Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, таъкид кардааст, ки 5 сол қабл китоби 440 сафҳаии таҳқиқоти хеш таҳти унвони  "Фарҳанги мардумии осори Мавлоно"-ро барои чоп ба интишороти "Адиб" дар Тоҷикистон таҳвил додааст, ки аз интишори он хабаре нест. 

Вай гуфтааст, ки дар ин китоб ба баррасии мавзӯи вожаҳо, калимот ва амсоли мардуми форсизабонони Мовароунаҳр дар ососри Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ пардохтааст, ки имрӯз низ дар гуфтори мардуми ин минтақа ва ба вижа шаҳри Самарқанд роиҷ мебошад. Аммо 5 сол аст, ки Вазорати фарҳанг ва интишороти "Адиб" дар Тоҷикистон барои чопи ин китоб наметавонанд манобеи молӣ пайдо кунанд.

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, ки акнун ба сини 73 солагӣ расидааст, муътақид аст, ки то поёни соли ҷорӣ заминаи интишори китоби  "Фарҳанги мардумии осори Мавлоно", дар Тоҷикистон фароҳам хоҳад  шуд.

Вай аз мудофиони ҳуқуқи мардуми форсизабони Самарқанд мебошад, ки барои эҷоди маркази фарҳнагии тоҷикон дар ин шаҳр, заҳамоти фаровоне ба харҷ додааст.