Гузориши вижа: Талоши Тоҷикистон барои дарёфти қарзҳои хориҷӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i41205-Гузориши_вижа_Талоши_Тоҷикистон_барои_дарёфти_қарзҳои_хориҷӣ
Қарзи зиёди хориҷии Тоҷикистон бар рӯи ҷазби кумакҳои молии оянда, соя афкандааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 24, 2019 16:40 Asia/Dushanbe

Қарзи зиёди хориҷии Тоҷикистон бар рӯи ҷазби кумакҳои молии оянда, соя афкандааст.

Парлумони Тоҷикистон барномае дар заминаи дарёфти қарзҳои хориҷиро барои соли 2019 то 2021 тасвиб кардааст, ки бар асоси он давлати Тоҷикистон қасд дорад, 776 миллиону 300 ҳазор доллар қарзи хориҷиро дар иқтисоди худ ҷазб кунад.

Имкони пардохти солонаи қарзи хориҷии Тоҷикистон 90 то 120 миллион доллар аст, аммо бар асоси ин барнома солона болои 200 миллион доллар қарзи хориҷӣ ҷазб мешавад.

Бо ҷазби қарзҳои ҷадид, қарзи хориҷии Тоҷикистон ба беш аз 3.5 миллиард доллар афзоиш меёбад, ки агар имкони пардохти 100 миллион доллар дар сол вуҷуд дошта бошад, пас барои давлат ва мардуми Тоҷикистон 35 сол зарур аст, то қарзи хориҷии худ то соли 2021 -ро пардохт кунанд.