Январ 25, 2019 19:03 Asia/Dushanbe
  • Ҳамоиши «Зарфиятҳои гардишгарии Тоҷикистон» дар Русия баргузор шуд

Намояндагони ширкатҳои гардишгарӣ ва ниҳодҳои расмии Тоҷикистон дар Маскав, ба манзури ҷалби бештари таваҷҷуҳи гардишгарони рус ба ин кишвар, ҳамоиши минтақаиро барпо карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Имомиддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Русия дар ин ҳамоиш аз қасди ин кишвар барои имзои тавофуқнома бо Русия дар заминаи тавсиаи гардишгарӣ то поёни соли 2019 хабар дод.

Вай гуфт: Ёддошти тафоҳум дар заминаи ҳамкорӣ бо «Рустуризм» дар сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон дар моҳи феврали соли гузашта ба имзо расида буд ва қарор аст дар оянда тавофуқномае дар ҳавзаи гардишгарӣ миёни «Рустуризм» ва кумитаи муртабити Тоҷикистон баста шавад.

Сатторов ҷазби гардишгарони русро аз муҳимтарин равишҳои тавсиаи туризм дар Тоҷикистон унвон кард ва гуфт: Тамоми шароит барои сафари гардишгарони рус ба Тоҷикистон фароҳам аст, зимни инки забони русӣ низ дар Тоҷикистон ҳамчун забони гуфтугӯи байни ақвоми мухталифи ин кишвар роиҷ аст.

Сатторов бо ишора ба афзоиши таваҷҷуҳи гардишгарон ба Тоҷикистон дар солҳои ахир афзуд: Беш аз як миллион нафар ҳар сол аз Тоҷикистон боздид мекунанд.