Таҳкими ҳамкориҳои низомии Душанбе ва Маскав дар пайи таҳдидҳои эҳтимолӣ аз Афғонистон
(last modified Sat, 26 Jan 2019 05:57:24 GMT )
Январ 26, 2019 10:57 Asia/Dushanbe
  • Таҳкими ҳамкориҳои низомии Душанбе ва Маскав дар пайи таҳдидҳои эҳтимолӣ аз Афғонистон

Сафири Русия дар Тоҷикистон ҳузури пойгоҳи низомии 201 –и Русияро аз муҳимтарин бахшҳои ҳамкории Душанбе ва Маскав дар пайи таҳдидҳои эҳтимолӣ аз Афғонистон арзёбӣ кард.

Ба гузориши РИА Новости, Игор Лякин Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, ба дунболи афзоиши таҳдидҳои эҳтимолӣ аз ҷониби гурӯҳҳои террористии мустақар дар Афғонистон, таҳкими ҳамкории низомии техникии Душанбе ва Маскав дорои аҳамияти бештаре шудааст.

Сафири Русия дар Тоҷикистон изҳор дошт, пойгоҳи низомии 201 –и Русия кафили амният дар марзҳои ҷанубии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва омили калидии субот дар минтақа аст ва дар ҳолати омодабош қарор дорад.

Лякин Фролов афзуд, барномаи таҷҳиз ва навсозии техникии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва омодасозии кадрҳо дар марокизи омӯзишии олии Вазорати дифои Русия ва дар тамрингоҳҳои пойгоҳи 201 идома дорад ва дар чаҳорчӯби ин барнома дар моҳи декабри соли 2017 Русия ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 120 миллион доллар тонк, зиреҳпӯш, болгард ва дигар силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ дод.

Ӯ ҳамчунин таъкид кард, дар ояндаи наздик дар пойгоҳи низомии 201 гурдони ҳавопаймоҳои бесарнишин эҷод хоҳад шуд, ки тавони ҷангии ин пойгоҳро бештар мекунад.

Ба гуфтаи Игор Лякин Фролов, Русия ба Тоҷикистон дар ҳифзи марзи ин кишвар бо Афғонистон низ кумак мекунад ва дар раванди омодасозии мутахассисони тоҷики гурӯҳи марзбонии Хадамоти федералии амнияти Русия (ФСБ) ширкат хоҳанд намуд.