Январ 26, 2019 15:57 Asia/Dushanbe
  • Воридоти 2.3 миллиарддолларии Тоҷикистон аз кишварҳои узви Шанхай

Ҳаҷми мубодилоти тиҷории Тоҷикистон бо ағлаби кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар соли 2018 –и мелодӣ ба ҷуз Ҳинд ва Қазоқистон афзоиш ёфтааст.

Бинобар додаҳои омории давлати Тоҷикистон, ҳаҷми мубодилаи тиҷории ин кишвар бо кишварҳои узви Шанхай дар як соли гузашта беш аз 2.9 миллиард доллар буда, ки беш аз 2.351 миллиард доллар аз он бо воридоти маҳсулот аз ин кишварҳо ба Тоҷикистон муртабит аст.

Мизони гардиши молии Тоҷикистон бо бештари кишварҳои узви Шанхай дар соли гузаштаи мелодӣ ба ҷуз Ҳинд ва Қазоқистон афзоиш ёфтааст. Ҳаҷми гардиши молии Тоҷикистон ва Ҳинд дар соли гузаштаи мелодӣ бо коҳиши 22.4 дарсадӣ рӯбарӯ буда ва беш аз 20.4 миллион доллар аст.

Мубодилоти тиҷории Тоҷикистон бо Қазоқистон дар ин давра беш аз 836.5 миллион доллар баровард шудааст.

Шарикони аслии тиҷории Тоҷикистон дар ин давра аз ҷумлаи аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай - Русия, Чин ва Қазоқистон будаанд.

Ҳаҷми маҷмӯи тиҷорати Тоҷикистон бо ин кишварҳо дар муддати зикршуда беш аз 2.510 миллиард доллар баровард шудааст.

Аз сӯйи дигар, мубодилоти тиҷории Тоҷикистон дар соли гузаштаи мелодӣ бо Узбакистон 2.3 баробар ва бо Қирғизистон 27.7 дарсад рушд кардааст.

Воридоти маҳсулоти мухталиф аз кишварҳои Шанхай ба Тоҷикистон ба таври умда аз содироти маҳсулоти Душанбе ба ин кишварҳо, ба ҷуз Ӯзбакистон болотар аст.

Дар гардиши молии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон содироти маҳсулоти тоҷикӣ аз воридоти маҳсулоти ӯзбакӣ ба ин кишвар бештар аст.