Гуфтугӯи телефонии раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қазоқистон
Январ 26, 2019 20:32 Asia/Dushanbe
Раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар гуфтугӯи телефонӣ чашмандози ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ карданд.
Ба гузориши сойти дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев дар ин гуфтугӯи телефонӣ, раванди ҳамкориҳои роҳбурдии Душанбе ва Остонаро дар қолаби таомулоти дуҷониба ва чандҷониба баррасӣ карданд.
Ҳамчунин раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ин гуфтугӯи телефонӣ дар бораи масоили муҳимми минтақаӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.