Январ 27, 2019 09:32 Asia/Dushanbe
  • Намоишгоҳи ҳунарҳои дастии бонувони тоҷик дар Боку

Дар пайи номгузории солҳои 2019 то 2021 дар Тоҷикистон ба унвони "Рушди деҳот, гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" намоишгоҳи ҳунарҳои дастии бонувони тоҷик дар шаҳри Боку гушоиш ёфт.

Ба гузориши торнамои Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар ин намоишгоҳ, ки бо ҳузури масъулони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Боку ва тоҷикони муқими Озарбойҷон ифтитоҳ шуд, осори ҳунарӣ ва ҳунарҳои дастии бонувони тоҷикистонӣ дар маърази диди умум қарор гирифт.

Ҳунарҳои дастии дӯзандагӣ, бофандагӣ, гулдӯзии порчаҳои наварусон, кокулбофӣ, болишдӯзӣ ва либосҳои милли тоҷикӣ аз қабили атлас, адрас ва чакани ироа шуда дар ин намоишгоҳ дар канори иҷрои таронаҳо ва сурудҳои машҳури тоҷикӣ мавриди таваҷҷуҳи боздидкунандагон қарор гирифт.

Ин намоишгоҳ бо ҳамкории сафорати Тоҷикистон дар ҷумҳурии Озарбойҷон барпо шуд.