Январ 27, 2019 13:41 Asia/Dushanbe
  • Ривоҷи шаҷараноманависии сайидзодаҳо дар Тоҷикистон

Дар пайи интишори шаҷараномаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз уламо ва урафои форсизабон, ки дар шаҳри Ҳамадони Эрон мутаваллид ва дар ҳудуди 600 соли пеш дар шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон дафн шуд, ба тозагӣ мавҷе аз шаҷараноманависии сайидзодаҳо ва эшонҳо дар расонаҳои Тоҷикистон густариш ёфтааст.

Ба гузориши ИРНА, пеш аз он ки ҳафтаи гузашта шаҷараномаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ тавассути веб-сайти расмии Маркази исломшиносии Тоҷикистон мунташир шуд, як масъули Маркази исломшиносии Тоҷикистон аз сайидзодаҳои ин кишвар хостааст то шаҷаранома ё санади тасдиқкунандаи хешовандии онон бо хонадони Паёмбар Ислом (с)-ро ироа ва мунташир кунанд.

Рустам Азизӣ Муовини маркази исломшиносии Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо расонаҳои маҳаллӣ, ҳадафи аслии интишори шаҷараномаро ваҳдати миёни мазоҳиб ва ақвом унвон кард ва гуфт: Шаҷараномаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ нишон медиҳад, ки агарчи худи ӯ ҳанафӣ аст, аммо наслҳои пеш аз вай дар минтақаи Кӯлоб ва Бадахшон ҳанафӣ ва исмоилимазҳаб будаанд.

Шаҷаранависӣ қабл аз ислом низ маъмул буд, аммо баъд аз ислом бештар дар миёни сайидзодаҳо тарвиҷ пайдо кард ва шаҷараномаҳое, ки дар Эрон мавҷуд аст, дар 200-300 соли пеш навишта шудаанд.

Эшони Абдулкарим Ҳомидиён шаҳрванди 40-солаи ноҳияи Данғара вилояти Хатлони Тоҷикистон низ мӯътақид аст: Сайидзодаҳои Тоҷикистон аз насли Имом Ҳусайн (а) ҳастанд, ки аз Ироқ ба Эрон сафар кардаанд ва сипас насли онон то минтақаи Осиёи Марказӣ мунтақил шудааст.