Афзоиши омори талоқ дар Тоҷикистон
Январ 27, 2019 14:23 Asia/Dushanbe
Мудири раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон ва варзиши ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзоиши талоқ дар ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши сомонаи Спутник, Шаҳзод Раҳимзода мудири раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ва варзиши ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳамоиш таъкид кард: Дар 11 моҳи соли 2018 омори талоқ дар ин кишвар ба 10 ҳазор ва 140 маврид расидааст.
Раҳимзода афзуд: Ин дар ҳоле аст, ки дар муддатзамони мушобеҳи соли 2017 дар Тоҷикистон 10 ҳазору 53 маврид талоқ ба сабт расида буд.
Вай ҳамчунин омори издивоҷ дар Тоҷикистонро дар 11 моҳи соли 2018 ҳудуди 71 ҳазору 600 маврид эълом кардааст.