Январ 28, 2019 19:00 Asia/Dushanbe

Ҷузъиёти тозае аз амалиёти вижаи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон барои наҷоти фармондеҳони диишӣ, ки ба асорати Толибон даромада буданд, мунташир шуд.  

Ба нақл аз хабаргузории Тасним, иттилооти мунташиршуда марбут ба хабаре аст, ки ҳудуди ду ҳафта пеш аз амалиёти нерӯҳои амрикоӣ алайҳи афроди Толибон дар расонаҳои Афғонистон ва бархе расонаҳои байналмилалӣ мунташир шуд.  

Дар авоили тирамоҳи имсол, гузоришҳое аз даргириҳо миёни афроди Толибон ва гурӯҳи террористии ДИИШ дар минтақаи Дарзоби вилояти Ҷузҷон дар шимоли Афғонистон мунташир шуд, ки ба гуфтаи фармондеҳони Толибон ин амалиёт наздик ба ду моҳ идома дошт ва дар он бисёре аз афроди ДИИШ кушта шуданд.  

Фармондеҳони Толибон дар шимоли Афғонистон мегӯяанд: Амалиёти онҳо алайҳи ДИИШ ва поксозии ин манотиқ аз ҳузури онҳо бо пешрафтҳои зиёде ҳамроҳ буд, аммо ногаҳон амрикоиҳо бо амалиёти ҳавоӣ, манотиқи ҳузури афроди Толибонро бомбборон карданд ва пас аз он болгардҳои артиши Афғонистон бо ҳузур дар минтақа раҳбароин аршади ДИИШ-ро ба манотиқи амн мунтақил карданд.

Фарди аслӣ, ки дар ин видео мушоҳида мешавад, Мавлавии Ҳабибураҳмон, раҳбари ДИИШ дар шимоли Афғонистон аст, ки бо болгардҳои артиши Афғонистон ба манотиқи амн дар вилояти Ҷузҷон мунтақил шудааст.

То пеш аз амалиёти нерӯҳои амрикоӣ барои наҷоти Ҳабибураҳмон ва нерӯҳои таҳти амри вай, Толибон тавониста буданд, теъдоде аз фармондеҳон ва аъзои ДИИШ-ро ба асорати худ дароваранд ва ин заъфи муҳиме барои амрикоиҳо буд, зеро онҳо ба шиддат нигарони фош шудани бархе иттилоот аз тариқи ин афрод буданд.

 

Барчасп