Январ 28, 2019 21:01 Asia/Dushanbe
  • Идомаи тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Шавкат Бобозодаро аз мақоми вазири саноат ва технологияҳои нав барканор карда, директори Агентии содироти назди ҳукумат таъин намудааст.

Ба нақл аз сайти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Заробиддин Файзуллозодаро аз мақоми сардори Саридораи геология озод шуда, вазири саноат ва технологияҳои нав таъин гардид.

Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, сардори саридораи геологияи Тоҷикистон таъин шудааст. Оймуҳаммадзода то ҳол директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон буд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе низ тағйироти кадрӣ амалӣ карда, Низом Ҳакимзодаро аз мақоми раиси ноҳияи Шоҳмансур барканор  ва ба ҷои ӯ Билол Иброҳимро таъин намуд. Билол Иброҳим то ҳол раиси шаҳри Роғун буд. Далели барканории Ҳакимзода гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст.

Бо фармони дигари раисиҷумҳур Музаффар Сулаймонзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Роғун таъин гардид.

Бо фаромин ва қарорҳои дигари Эмомалӣ Раҳмон, Муқим Муродзода, раиси ноҳияи Айнӣ ва Султон Бахтиёр, муовини раиси Кумитаи андоз таъин шуд.

Юсуф Маҷидӣ, аз вазифаи сардори раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президент озод  ва ба мақоми муовини вазири молияи Тоҷикистон таъин гардид.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шарҳи тағйироти кадрии мазкур гуфтааст, он ба бархе камбудию норасоиҳо рабт дорад, ки дар ҷаласаи ҳукумат баён шуданд.