Январ 29, 2019 13:27 Asia/Dushanbe
  • Имзои 11 тафоҳумномаи ҳамкории муштарак байни Эрон ва Сурия

Ҳамзамон бо сафари муовини аввали раиси ҷумҳурии исломии Эрон ба Димишқ, пойтахти Сурия чанд тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни ду кишвар имзо шуд.

Ба нақл аз Хабаргузории Садо ва Симо, Эрон ва Сурия дар заминаҳои синамоӣ, омузишу парвариш, мубориза бо пулшуӣ ва таъмини молии терроризм, маскан ва хадамоти умумӣ, ҳамкориҳои райлӣ, ташвиқи сармоягузорӣ, ҳамкориҳои намоишгоҳӣ ва фарҳангӣ ва низ улуми заминшиносӣ тафоҳумнома имзо карданд.

Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ муовини аввали раиси ҷумҳурии исломии Эрон пас аз имзои тавофуқномаҳои ҳамкории дуҷониба бо Сурия гуфт: ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд бидонад агар муқовимати миллат, давлат ва дустони Сурия набуд, имрӯз гуруҳҳои террористӣ дар бахшҳое аз ин минтақа давлат ташкил дода буданд ва ба мушкиле барои ҷомеъаи ҷаҳонӣ табдил шуда буданд.

Ҷаҳонгирӣ афзуд:  ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд ба амнияти Хорвари Миёна таваҷҷуҳ вижае дошта бошад, зеро амнияти ин минтақа ба мафҳуми амнияти ҷаҳонӣ аст ва ҷаҳон бояд аз пирӯзии миллати Сурия дар баробари терроризм хушҳол бошад.

Имод Хамис нахуствазири Сурия низ пас аз имзои тавофуқномаҳои ҳамкорӣ бо Эрон гуфт: сафари ҳайъати эронӣ ба Димишқ, баёнгари умқи равобити Эрон ва Сурия аст.

Хамис таъкид кард: давлат ва мардуми Сурия ба истодагӣ дар баробари тавтеаҳо идома хоҳанд дод.

Исҳоқ  Ҷаҳонгирӣ муовини аввали раиси ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи душанбе дар садри ҳайъате  баландпоя вориди Димишқ шуд.

 

Барчасп