Вокуниши Шуҳрат Улфатов пас аз шунидани хабари марги фарзандонаш
Январ 30, 2019 11:46 Asia/Dushanbe
Волидайни Шуҳрат Улфатов билохира пас аз гузашти ҳудуди як моҳ, рӯзи 29 январ пас аз ҷавоб шудани вай аз бемористони Челябинск хабари фавти ҳамсар ва с фарзандашро ба вай эълом карданд.
Ба нақл аз сомонаи Ахбор, ба гуфтаи наздикони Шуҳрат Улфатов, вай пас аз шунидани ин хабари талх гирист ва аз ҳуш рафт. Сипас Шуҳрат Улфатов бо ёрии таъҷилии дубораи ба бемористон мунтақил шуд.
Субҳи 31 декабр дар арафаи соли нав, дар пайи фурӯ рафтани бинои истиқоматӣ дар Магнитогорск, 39 нафар аз ҷумла Раҷабмоҳ Улфатова ва ҳарсе фарзандаш Аҳмади 6 сола, Фотимаи 4 сола ва Саидмуҳсени се сола кушта шуданд.