Кушта шудани 9 нафар дар як ҳодиса дар Дарвоз
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i41333-Кушта_шудани_9_нафар_дар_як_ҳодиса_дар_Дарвоз
Бар асари як ҳодисаи ронандагӣ дар ноҳияи Дарвоз нуҳ нафар аз ҷумла чаҳор кудаки хурдсол кушта шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 30, 2019 09:44 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани  9 нафар дар як ҳодиса дар Дарвоз

Бар асари як ҳодисаи ронандагӣ дар ноҳияи Дарвоз нуҳ нафар аз ҷумла чаҳор кудаки хурдсол кушта шуданд.

Ба нақл аз манобеъи хабарии тоҷикӣ, яке аз шоҳидони ҳодисаи рӯзи 29 январ гуфт ин ҳодиса дар деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвоз рух додааст.

Ба гуфтаи вай ронандаи худрав ҳангоми ҳаракат дар роҳ аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромадааст ва мошин ба рудхонаи Панҷ афтодааст.

Раёсати умури дохилии вилояти Бадахшон вуқуъи ин ҳодисаро тасдиқ кард ва гуфт, кормандони полис ба маҳалли ҳодиса рафтаанд ва таҳқиқот дар ин бора шуруъ шудааст.

Яке аз шоҳидони ин ҳодиса гуфт, ҷасади қурбониён аз рудхона хориҷ ва ба яке аз рустоҳои Дарвоз мунтақил шудааст.