Афзоиши 42 дарсадии арзиши воридоти худрав ба Тоҷикистон
Арзиши воридоти худрав дар Тоҷикистон дар соли гузаштаи милодӣ, 42 дарсад афзоиш ёфтааст.
Ба гузориши хабаргузории Спутник, Созмони омори вобаста ба давлати Тоҷикистон, арзиши худравҳои воридотӣ ба ин кишварро дар соли 2018 беш аз 307 миллиону 200 ҳазор доллар эълом кард, ки 42 дарсад аз соли 2017 бештар аст.
Гуфта мешавад, 23,4 дарсад аз кулли воридоти Тоҷикистон дар соли 2018 марбут ба воридоти худрав будааст.
Ин дар ҳоле аст, ки фурӯшандагони худрав дар бозорҳои Тоҷикистон мӯътақиданд, тақозои мардуми ин кишвар барои хариди худрав коҳиш ёфтааст.
Тоҷирони тоҷикистонӣ, худравҳои воридотӣ ба ин кишварро бештар аз Аврупо ва бахусуси кишварҳои Балтика ба Тоҷикистон ворид мекунанд ва бештари ин худравҳо дасти дувум ҳастанд.
Давлати Тоҷикистон дар соли 2018 воридоти худравҳои тавлид шуда то соли 2005-ро ба ин кишвар мамнуъ кард, ки ин иқдом воридоти худравро ба ин кишвар дар соли гузашта 37 дарсад коҳиш дод.