Феврал 04, 2019 15:47 Asia/Dushanbe
  • Таъмини эҳтиёҷоти мардум бо роҳандозии 15 ширкати маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон бо баҳрабардорӣ аз ширкатҳои нави тавлидотӣ ниёзи худ ба маводди аслии ғизоиро худ таъмин мекунад

Ба нақл аз ТоҷикТА, солҳои охир, ки дар Тоҷикистон ширкатҳои нави тавлидотӣ гушойиш ёфтанд, имкони таъмини бозори дохилӣ бо маводди гӯшт, шир, орд, нон, макарон, намаки ғизоӣ ва фаннӣ, консервҳои меваву сабзавот ва нӯшокиҳо ва машруботро фароҳам оварданд.

Як қисми ин маҳсулот ҳанӯз аз хориҷа ворид мегардад.

Соли гузашта 15 ширкату коргоҳи нави тавлидоти маводди ғизоӣ ба кор оғоз карданд. Яке аз калонтарини онҳо ширкати “Анҳор”-и шаҳри Бӯстон мебошад, ки дар як шаборӯз 380 тонна орд тавлид мекунад.

Тоҷикистон соли гузашта ба арзиши 4,9 миллиард сомонӣ маводди ғизоӣ тавлид кард, ки ин шумор дар муқойиса бо соли 2017 14 дарсад, ё 597 миллион сомонӣ зиёд аст.