Сохти ҳашт мактаб бо кумаки Чину Русия дар Тоҷикистон
(last modified Tue, 05 Feb 2019 05:12:37 GMT )
Феврал 05, 2019 10:12 Asia/Dushanbe
  • Сохти ҳашт мактаб бо кумаки Чину Русия дар Тоҷикистон

Русия ва Чин то ҷашни 30-солагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар ҳашт мадраса месозанд.

Ба гузориши “Спутник”, ширкати чинии "Повер Чайна" то соли 2020 дар Тоҷикистон 3 мактаб бунёд хоҳад кард. Арзиши умумии ин тарҳ панҷ миллиарду 300 миллион доллар эълом шудааст ва ин макотиб зарфияти пазириши беш аз 2 ҳазор донишомӯзро хоҳанд дошт. Нуруддини Саид, вазири омӯзишу парвариши Тоҷикистон гуфт, бо ин ширкати чинӣ барои сохти се мактаб дар Бохтар, Леваканд ва Данғара қарордод имзо шуда ва феълан ширкати чинӣ дар пайи баррасии ин тарҳ аст. Русия низ бо Тоҷикистон барои сохти 5 мактаб қарордод имзо кардааст.

Пешбинӣ мешавад, ин макотиб то таҷлили 30-солагии Тоҷикистон ба баҳрабардорӣ бирасанд.