Феврал 05, 2019 13:49 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Қатар барои пазириши муҳоҷирони кории тоҷик

Мақомоти Тоҷикистон ва Қатар тавофуқномае дар заминаи пазириши муҳоҷирони кории тоҷик имзо карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, тавофуқномаи мазкур тавассути вазири кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон ва вазири тавсеа, иштиғол ва умури иҷтимоии Қатар дар Доҳа ба имзо расид. Бар асоси ин тавофуқнома Қатар бо пазириши муҳоҷирони кории тоҷик мувофиқат кардааст.

Санади мазкур дар поёни сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Қатар дар моҳи феврали соли 2017 ба имзо расида буд. Тибқи ин тавофуқнома, муҳоҷирони кории тоҷик бо имзои қарордод бо корфармо, ки бар асоси қавонини Қатар омода мешавад, дар ин кишвар кор ва фаъолият мекунанд.

Тавофуқномаи мазкур баъд аз тасвиб мавриди иҷро қарор мегирад.

Интихоби нерӯи корӣ ва интиқоли он бар уҳдаи Вазорат кор, муҳоҷират ва иштиғоли Тоҷикистон гузошта шудааст.