Бозгушоии роҳи Душанбе-Чаноқ
Феврал 05, 2019 17:10 Asia/Dushanbe
Ҳаракати васоили нақлия дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ аз сар гирифта шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин роҳ, ки аз субҳи имрӯз дар паи бориши шадиди барф баста шуда буд, бозгушоӣ шудааст.
Далери Абдулло, сухангӯи ширкати IRS-и ҳифз ва нигаҳдории роҳи Душанбе-Чаноқ гуфт: Феълан танҳо мошинҳое, ки аз Хуҷанд ба пойтахт меоянд, дар ин роҳ иҷозаи убур доранд.
Ба гуфтаи вай, талош мешавад, ба зудӣ имкони ҳаракат аз ҷониби Душанбе ба вилояти Суғд низ фароҳам шавад.
Масъулони IRS мегӯянд, хатари резиши тарма ҳамчунон боқӣ аст ва аз субҳи имрӯз токунун беш аз 50 тарма дар роҳ резиш карда ва поксозӣ шудааст.
Дар ду ҳафтаи ахир ин дувумин бор аст, ки роҳи Душанбе-Чаноқ масдуд мешавад.